10:32, 16 Октябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Афғонистон: Амалиёти низомӣ дар Пактиё

Дар вилояти Пактиёи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низомиёни давлатӣ

амалиёти махсусро ба роҳ мондаанд. Зимни гузаронидани амалиёт дар минтақаи Зурмати қисми ҷанубу шарқии вилояти мазкур миёни кормандони мақомоти полис ва гурӯҳи силоҳбадасти номаълум муноқиша ба амал омад. Бар асари даргирии шадид 11 нафар аз сокинони маҳаллӣ ба ҳалокат расида, чанд тани дигар захмӣ гардид. Инчунин дар ин муҳориба даҳ тан аз ҷангиён низ маҳв гардиданд.