04:19, 16 Феврали 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Феврал 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вазири адлия: «Дар Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ ду муассисаи ислоҳӣ бунёд мегарданд»

Интизор меравад, ки соли равон дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ ду муассисаи ислоҳӣ ба истифода дода шаванд.

Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод 28 январ дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки алҳол корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот ҷараён дошта, бинои як қисми муассисаи ислоҳӣ дар шаҳри Ваҳдат соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Сабаби бунёди ду муассисаи ислоҳиро дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ вазир на дар афзоиши теъдоди маҳбусон, балки аз пойтахт баровардани муассисаи ислоҳии рақами №1 арзёбӣ намуд. Вазири адлия ҳамзамон зимни нишасти матбуотӣ баён дошт, ки дар Тоҷикистон соли гузашта ба таври расмӣ никоҳи хешу таборӣ ба қайд гирифта нашудааст. Мусаллам аст, ки соли 2016 Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид намуд. Тибқи он муоинаи ҳатмии тиббии ҷавонон қабл аз издивоҷ ба роҳ монда шуда, никоҳи хешутаборӣ дар кишвар манъ карда шуд. Ҳадафи тағйирот ба Кодекси оилаи мамлакат бунёди ҷомеаи солим аст, ки он аз оила ва оила аз инсонҳо сарчашма мегирад. Вазири адлия зикр кард, ки дар ин давра дар мамлакат аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ беш аз 82 ҳазор ҳолати сабти никоҳ, беш аз 231 ҳазор ҳолати сабти таваллуд ва 11 ҳазор ҳолати сабти бекоркунии никоҳ ба қайд гирифта шудааст.