06:24, 20 Марти 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Март 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

WORLD HEALTH ORGANIZATION, (WHO) сигор ҳамасола 6 млн.нафарро мекушад

Тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар олам ҳар сол беш аз 6 млн. нафар

аз зарари тамоку мефавтад ва 600 ҳазор тани дигар аз дуди тамоку заҳролуд шуда, ба ҳалокат мерасад. Ба гуфти коршиносон, афзоиши рақамҳо боиси нигаронӣ буда, эҳтимол меравад, ки то солҳои 2030-юм ин шумора ба 8 млн. нафар мерасад. Олимон муайян кардаанд, ки дар дуди сигор 30 намуд моддаи заҳрнок, аз ҷумла никотин, намудҳои гуногуни кислотаҳо, аммиак ва ғайра мавҷуданд. Ғайр аз ин дар таркиби маҳсулоти тамоку сафедаҳо, карбогидратҳо ва ферментҳо арзи вуҷуд доранд, ки аз ҳама хатарноктарини он ба саломатии инсон никотин ва изопреноидҳо ба шумор мераванд. Бо мақсади ҳар чи зудтар пешгирӣ намудани оқибатҳои ногувори истеъмоли тамокӯ, бо пешниҳоди Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ аз соли 1988-ум инҷониб ҳамасола 31-уми май дар ҷаҳон ҳамчун «Рӯзи умумиҷаҳонии бидуни тамоку» қайд карда мешавад.