19:57, 22 Июли 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Соли 2018 саршумори паранда 75,5 фоиз ва тухм 66,3 фоиз афзоиш ёфтааст-бардошт аз нишасти матбуотии Вазорати кишоварзӣ

Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 2018 дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ саршумори паранда мутаносибан зиёд гардида,

қариб 32 миллион сарро ташкил намуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд. Дар нишаст Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ, муовинони вазир, роҳбарони сохторҳои марбута ва хабарнигорони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Тавре зимни нишаст зикр шуд, ки саршумори паранда соли 2018 нисбат ба соли 2017 75,5 фоиз ва тухм 66,3 фоиз афзоиш ёфтааст. «Хоҷагиҳои парандапарварӣ афзалиятнок муайян гардидани соҳаи мазкурро аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат ва аз ҳамаи андозу пардохтҳо озод гардидани воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаро бо хушнудӣ қабул намуда, барои рушди соҳаи парандапарварӣ талош варзида истодаанд. Баъди озод гардидани маводи воридотии соҳа аз андозҳо ба ҷумҳурӣ барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ тухми инкубатсионӣ, чӯҷаи якрӯза ва хӯроки паранда ворид гардиданд. Корхонаҳои парандапарварии ҷумҳурӣ соли 2018 беш аз 2 миллиону 600 ҳазор чӯҷа истеҳсол ва барои парвариш пешниҳод намуданд, ки ин нисбат ба соли пеш хеле зиёд мебошад»,- гуфт Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ёдовар мешавем, ки соли гузашта воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ ва молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи паранда ва чорво аз пардохти боҷҳои гумрукӣ пурра озод карда шуданд.