- Тоҷикистон ва Эрон ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш таҳким мебахшанд
- Дар Исломобод масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои бонкии Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардид
- Испания: Раъду барқ 40 биноро валангор кард
- Таркиши шадид дар Бағдод
- Дар Душанбе машғулиятҳои «Level-1» барои мураббиёни дарвозабонҳо оғоз гардиданд
- Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи саӣёри Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуд
- Шукурҷон Зуҳуров бо Сооронбой Жеенбеков мулоқот намуд (20/05/2019)
- Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори ИДМ
- Чин: Бино фуру рафт
- Куба: Автомобил одамонро пахш кард
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И мулоқот намуданд
20 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи васеи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар чаҳорчуби барномаҳои шарикии стратегӣ ва дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ карда шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки мо ба рушду густариш ва таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамҷаворӣ бо кишвари Чин манфиатдор ҳастем. Аз сатҳу сифат ва мазмуну муҳтавои робитаҳои дуҷониба, муколамаи сатҳи олӣ, натиҷаҳои сафарҳои ҷавобии расмӣ ва давлатии сарони давлатҳо, татбиқи нишондиҳандаҳои санадаҳои байниҳукуматии ҳамкорӣ ва иштироки ҷониби Чин дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар Тоҷикистон изҳори қанотмандӣ карда шуд. Ҷонибҳо зимни мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкориро дар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, аз ҷумла соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт, тиҷорат, энергетика, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, саноат, маориф, фарҳанг ва илму технология муҳокима карданд. Дар ин замина тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар доираи ташаббуси “Як камарбанд як роҳ” ва афзун намудани ҳаҷми сармоягузориҳои Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон таъкид карда шуд. Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин мавзуҳои дигари марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла таъмини амнияти минтақавӣ, мусоидат ба ҳалли мусолиҳатомези вазъи сиёсию амниятӣ дар кишварҳои минтақа ва муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
- Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори ИДМ 21 Май 2019
- Барқияи тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка 22 Апрел 2019
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони расонаҳои иттилоотии Ҷумҳурии Мардумии Чин мусоҳиба анҷом доданд 22 Апрел 2019
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев мулоқот карданд 17 Апрел 2019
- Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, олимону муҳаққиқон, донишҷӯёну аспирантҳо, соҳибкорон, мутахассисони соҳаҳои гуногуни иҷтимоиёт — зодагони Тоҷикистон 17 Апрел 2019
- Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи «Внуково-2»-и шаҳри Москва 17 Апрел 2019
- Сафари расмӣ ба Федератсияи Россия 16.04.2019 16 Апрел 2019
- Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (28.03.2019) 28 Март 2019
- Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ 21 Феврал 2019
- Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ 21 Феврал 2019