03:30, 25 Апрели 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ бо Сардори Департаменти муносибатҳои дипломатии ташкилоти Оғохон оид ба рушд

14 январи соли 2019 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ

Масуд Халифазода бо Сардори Департаменти муносибатҳои дипломатии ташкилоти Оғохон оид ба рушд Ариф Лалани ва Президенти Маркази Исмоилия дар шаҳри Лондон Лиакат Ҳашам мулоқот намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Оғохон оид ба рушд, аз ҷумла дар самтҳои энергетика, тандурустӣ, илм ва маориф, фарҳанг, рушди маҳал, инфрасохтори сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро баррасӣ намуданд. Ташкилоти Оғохон оид ба рушд ниҳоди байналмилалӣ ба шумор рафта, дорои намояндагиҳои сершумори худ дар 30 кишвари дунё мебошад. Ин Ташкилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро аз соли 1992 оғоз намуда, дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад.