04:07, 16 Феврали 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Феврал 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ҳадафи чоруми Ҳукумати ҶТ мавзӯи меҳварии мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ бо Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд

18 январи соли 2019 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир

ва Ирландияи Шимолӣ Масуд Халифазода бо Президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) Сума Чакрабарти баргузор гардид. Зимни мулоқот мавзӯъҳо роҷеъ ба дастгирии лоиҳаҳои авлавиатноки бахши энергетика, муътадилгардонии вазъи макроиқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ, рушд ва тавсеаи инфрасохтори шаҳри Душанбе, ҳадафи нави стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба саноатикунонии кишвар, эълон намудани давраи 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва дигар мавзӯъҳои ҷолиби ҳамкорӣ, баррасӣ гардиданд. Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ташкилоти молиявии байналмилалӣ буда, Намояндагии доимии худро соли 1996 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додааст ва ҳамчун яке аз шарикони рушди калидӣ дар таъмин намудани афзалиятҳои миллӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.