03:50, 25 Апрели 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Парлумони Тоҷикистон Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Аз нав пайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ»- ро баррасӣ намуд

Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон

ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Аз нав пайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ»- ро баррасӣ намуданд. Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, масъалаи мазкур имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, муҳокима карда шуд. Ба иттилои манбаъ, аъзои Шӯро Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе, Созишномаи лоиҳавӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе»-ро баррасӣ намуданд. Дар ҷаласа инчунин Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон», Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Бохтар- Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон» дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон», Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон» дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аъзои Шӯро аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимагардида қарори дахлдор қабул намуданд.