07:45, 12 Ноябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вазъияти муташанниҷи Триполӣ бо маршал Халифа

Вазъият дар пойтахти Либия шаҳри Триполи ва минтақаҳои атрофии он тайи ду ҳафта боз ноором боқӣ мемонад.

Дар натиҷаи задхӯрдҳои мусаллаҳона миёни Артиши миллии мамлакат бо роҳбарии маршал Халифа Хафтар ва неруҳои содиқ ба ҳукумати Ваҳдати миллӣ 147 нафар ба ҳалокат расида, 614 сокини дигар ҷароҳат бардошт. Вобаста ба авҷ гирифтани муноқишаҳои таслиҳотӣ зиёда аз 18 ҳазор нафар хонаҳои худро тарк карда, ба минтақаҳои дигар фирор намуданд. Бархӯрдҳои ҷонибҳо ҳамчунин ба хароб гардидани хатҳои интиқоли неруи барқ, қатъ шудани шабакаҳои обтаъминкунӣ ва қатъ шудани фаъолияти бештари фурӯшгоҳҳо боис гардид. Созмони байналмилалии муҳоҷират аз сарнавишти ҳаёти ҳазорҳо фирорӣ, ки дар марказҳои нигоҳдошти муҳоҷирон дар шаҳри Триполи қарор доранд, бим дорад.