08:23, 12 Декабри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Шукурҷон Зуҳуров бо Сооронбой Жеенбеков мулоқот намуд (20/05/2019)

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар доираи

иштирок дар кори ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи ПарламентииСозмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки 20 май дар шаҳри Бишкек доир гардид, бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов иттилоъ медиҳад. Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон гуфт: «Дар миёни таҳдиду хатарҳои нави ҷаҳонӣ, терроризму экстремизми байналмилалӣ дар минтақаи назорати шартномаи дастаҷамъона яке аз хатарҳои мубрами рӯзро ба миён овардааст, бинобар ин Қирғизистон хостори тавсеаи ҳарчи бештари муносибот бо мамлакатҳои узви Ассамблеяи Парламентии СААД дар ҳамаи арсаҳо мебошад». Ба иттилои манбаъ, Сооронбой Жеенбеков ба баргузории кори ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баҳои баланд дод. Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон инчунин оид ба мубориза бар зидди терроризми баӣналмилалӣ ва хавфи хатарҳои он дар доираи таъмини амниятии созмони мазкур сухан карда, зикр намуд, ки ин ҳамоиш метавонад барои пайдо намудани роҳҳои нави мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб замина гузорад.