06:49, 20 Марти 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Март 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Туркия ба ғалабаи дуюм ноил гардид

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-17), ки давраи ҷамъомади таълимӣ-машқии худро

дар шаҳри Анталияи Туркия ба анҷом мерасонад, дар вохӯрии навбатии худ бар дастаи ҷавонони «NTG Конгсвингер»-и Норвегия бо натиҷаи 1:0 ғолиб омад. Ягона тӯбро Озодбек Панҷиев дар дақиқаи 57-ум ба нишон расонд. Аз ин пештар дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Зайниддин Раҳимов бо «Ференсварош» –и Венгрия (2:1) ва «Академикс Болдклуб Гладсакс»-и Дания (1:1) бозиҳои таҷрибавӣ анҷом дода буданд. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон охирин машқҳои барқароршавӣ ва давраи омодагии навбатии худро дар Туркия ба анҷом расонида, ба ватан бармегардад. Ҷамъомади таълимӣ-машқӣ яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон-2019 ба ҳисоб меравад, ки аз 5 то 27 октябр дар Перу баргузор мегардад. 14 май баъди қуръакашии бозиҳо дастаҳои мунтахабе, ки бо наврасони Тоҷикистон дар як гурӯҳ ҷойгир мешаванд, муайян хоҳанд шуд. Алҳол ҳафт даста ба бозиҳои финалӣ роҳхат гирифтаанд: Перу (мизбон), Япония, Тоҷикистон, Австралия, Кореяи Ҷанубӣ аз Осиё, Зеландияи Нав ва Ҷазираҳои Сулаймон аз Уқёнус.